zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии участкаҳои интихоботии ҷамоати калонтарини шаҳри Гулистон шаҳраки Адрасмон ба маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад, сафари корӣ намуд.

Зимни боздид аз участкаҳои интихоботии рақамҳои 6,7,8, 9, 10 муайян гардид, ки участкаҳои интихоботии номбурда ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан омода буда, дар участкаҳо тамоми шароити мусоид барои фаъолияти бонизоми комиссияҳои участкавӣ ва барои овоздиҳии интихобкунандагон фароҳам шудааст.

Участкаҳо тозаву озода ва дар ҳамаи онҳо шиору овезаҳои пурмазмун ва таблиѓотиву ташвиқотӣ тавассути девораҳо насб гардидааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайё карда шудааст.

Рӯйхати интихобкунандагон таҳия гардида барои шиносшавии интихобкунандагон дар ҷойҳои намоён ва қулай барои хондан насб карда шудааст. Инчунин дар участкаҳо рӯйхати интихобкунандагони бори аввал дар маърака иштироккунанда, инчунин шахсони имконияташон маҳдуд барои шиносоӣ таҳия гардидааст.

Ҳар як участкаҳои интихоботӣ бо лавҳа ва гӯшаҳои интихоботӣ таъмин гардида, бо лавозимоти иттилоотӣ, канселярӣ, ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидаанд, таъмин мебошанд. Дар ҳамаи участкаҳо рӯйхати интихобкунандагон, аз ҷумла интихобкунандагони бори аввал дар маърака иштироккунанда, инчунин шахсони имконияташон маҳдуд барои шиносоӣ омода карда шудаанд. Фаъолияти кории аъзои комиссияҳои участкавӣ тибқи қонунгузории интихобот ҷараён дорад.

Зимни суҳбат бо шахсони масъул Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба раисони участкаҳои интихоботӣ дар бораи муташаккилона баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, фосилаи овоздиҳандагон, таъминоти маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобу дастпӯшак, ҳароратсанҷҳо ва ободонию сабзкорӣ дастурҳо дод.