zoofirma.ru

«Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якљоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.»

Эмомалӣ Раҳмон

Зери истилоҳи тарроризм содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад, ки дар қисми 1-уми моддаи 179 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита қайд шудааст. Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба вазнинии кирдорҳои хусусияти террористӣ дошта љазоҳои гуногун дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муайян намудааст.

Террорист шахсест, ки дар анљом додани фаъолияти террористӣ дар ҳамагуна шакл иштирок менамояд. Имрўзҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ террористон ҳама гуна роҳу воситаҳоро истифода бурда истодаанд. Боиси нигарони аст, ки шахсоне ба ин роҳ гирифтор мешаванд ватану модарро фаромўш мекунанду номи халқу миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ доғдор кардан мехоҳанд. Имрўз чун технология ба сатҳи баланди инкишофи худ расидааст, бе якљоягӣ ва дастаљамъона амал кардан пеши роҳи терроризму террористҳоро гирифтан мушкил гардидааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» басо ба марид қайд кардаанд, ки «Фидокориву мардонагии халқи тољик дар ҳимояи дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои терроистону ифротгароёни дохиливу хориљӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.» маҳс ваҳдат ва якљоягии халқи бузурги тољик ва сиёсати дурусти Президенти муҳтарам моро аз ҳолате, ки метавонист боиси косташавии халқу давлатамон гардад, баровард.

Пешгирии терроризм ва барои ба ҳадафҳои нопок расидани террористон роҳ надодан вазифаи натанҳо мақомоти давлатӣ инчунин вазифаи шаҳрвандии ҳар шахси ба ору номус ва хештаншинос маҳсуб меёбад.

Шаҳриёр Ахмедов,

ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Гулистон