zoofirma.ru

Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ барои мудирон ва ёрдамчиён, дастурдиҳанда-назоратчиён ва ҳисобчиёни маҳаллӣ баргузор гардид.

Дар семинар сардори Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Инобат Турсунбоева, сармутахассиси шуъбаи кишоварзии Сарраёсати Агентиии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нарзулло Абдуллоев, мудири бахши омори шаҳри Гулистон Матлуба Зайниддинӣ, сармутахассиси Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Гулистон Умед Иброгимов доир ба мақсад ва принсипҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ, тартиб ва низоми пур кардани ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии истиқоматкунандагони бино ва шароити манзили аҳолӣ, мураттабсозии дафтарчаҳои қайди мудири шуъбаи барӯйхатгирӣ, қайди ҳисобчӣ, қайди дастурдиҳанда-назоратчӣ ва амсоли ин суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маъракаи муҳими сиёсӣ буда, тавассути он дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иҷтисодии ҷумҳурӣ таҳия мегарданд.