zoofirma.ru

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Ноҳияи Зафаробод дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.

Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, ҳамчунин Роҳбари давлат аз дигар масъулин талаб менамоянд то меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаҷониба иҷро карда шавад.

Тавре мушоҳида гардид, дар ҳама ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилояти Суғд барои безараргардонӣ ва паҳншавии бемории нави сироятӣ маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳо дар даромадгоҳ гузошта шудааст. Сокинон тамоми тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро оид ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод нахуст бинои дуошёнаи Маркази ташхисию табобатии «Диёр»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави табобатӣ дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳраки Зафаробод аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдусамад Нормаматов дар идомаи тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ барои истиқболи бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 573 метри мураббаъ бо харҷи 1 миллион сомонӣ сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин карда шудааст.

Сохтмони бинои маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Зафаробод соли 2019 оғоз гардида буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Акнун бо ифтитоҳи маркази табобатӣ 20 нафар ба фаъолияти доимӣ дар он ҷалб гардиданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Зафаробод дорои бахшҳои дандондармонии калонсолон ва кӯдакона, маслиҳат ва табобати занҳо (гинекология), косметологӣ, озмоишгоҳ, ташхиси фаросавтӣ (ултрасадо), ташхису табобати бемориҳои дил ва дар маҷмуъ 13 утоқи корию хизматрасонӣ мебошад.

Дар марказ бо мақсади табобати корафтодагон бо гиёҳу растаниҳо ва меваҷоти табиии Тоҷикистони баҳиштосо гӯшаи гиёҳдармонӣ бо ҳама шароит ташкил карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин гӯша таваҷҷуҳи масъулону кормандони марказро барои истифодаи мақсадноку самаранок аз имконоти фароҳамгардида ҷалб намуда, ба табибон барои ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ва муомилаву муоширати хуб бо мизоҷон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Кормандони марказ имкон доранд, ки дар як рӯз ба 50-60 нафар корафтода хизмати тиббӣ расонанд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, дар давоми 29 сол дар ин соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дастовардҳои чашмрас ба миён омадааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар маркази нави ташхисию табобатӣ иншооти навро ҳамчун туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар рӯзҳои истиқбол аз 29-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро барои равона намудани тамоми малакаю маҳорат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад, ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин муассиси марказ ва табибони он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагӣ аз соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили чунин бинои муосири табобатӣ баҳри солимии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Атрофи маркази табобатӣ дар масоҳати 1800 метри мураббаъ кабудизор карда шуда, наздики 500 адад гулҳои гуногунранг ва ниҳолони ҳамешасабз низ шинонида шудааст, ки ба муҳит зебоии хос зам менамоянд.

Дар саҳни марказ барои истироҳати мизоҷон ду суҳбаткадаи зебо ва нишастгоҳҳо гузошта шуда, атрофи бино пурра сафолакпӯш карда шудааст.

Атрофи биноро шабонгоҳ 8 адад чароғҳои рӯшноидиҳанда зиннат мебахшад.