zoofirma.ru

Ба ифтихори таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорон ва ашхоси барӯманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов, собиқадорони меҳнат Каромат Қосимова, Санавбар Нуруллоева, Ҳафиза Мадалиева, Қурбоной Раҷабова ва Римма Беляева бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, нисбати ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати Тоҷикистон изҳори самимии миннатдорӣ баён намуда, баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дасти дуо кушоданд.