zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷиҳати омодагӣ ба соли нави таҳсил аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр дидан намуд.

Сараввал дар муассисаи таълимии №14-и шаҳр бо маъмурият ва омӯзгорон суҳбат карда, доир ба омодагӣ ба таҳсили хониши нав, гузаронидани корҳои безараргардонӣ, тартиби омодагӣ ва баргузории дарсҳо дар муассисаи таълимӣ ба масъулин дастур дод. Зикр гардид, ки мактаббачагон бо либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии шаҳр бо либоси мактабӣ дар асоси талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шудааст, таъмин мебошанд.

Сипас Раис шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз гимназияи №1-и ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал овард. Тазакккур дода шуд, ки гимназияи мазкур ба соли нави таҳсил омода буда, тадрис бо риояи тадбири безараргардонӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин Раиси шаҳр корбарӣ намудан бо омӯзгорон, муҳассилин ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҳангоми рафту омад ба муассисаи таълимӣ, пӯшидани ниқоб, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва нақшаи рафту омади хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба масъулини беморхонаи марказӣ, Маркази назорати давлатии эпидемиологии шаҳр ва маориф дастурҳо дод.