zoofirma.ru

Филми мустанади «Хиёнат» сурати аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт. Ҳар бинандаи филми мазкур бори дигар бо далелҳои раднашаванда шоҳид гардиданд, ки Ҳизби террористии наҳзати исломӣ  хиёнаткори аслии миллату давлати тоҷикон мебошад.

Ин филмро мо ҷавонони худогоҳу худшиноси кишвар тамошо кардем ва бо мисолҳои равшан дидем, ки нияти наҳзатиён дар асл чи будааст.

 

Дар филм дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори шахсони сиёсии шинохта, фарҳангӣ ва илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90-ум ва баъди онро маҳз наҳзатиҳо анҷом доданд. Ин манзараҳои даҳшатангез дар зеҳни ҳар бинанда андешаи онро, ки «тоҷик ба чунин ваҳшоният қодир нест, магар инсон ақли худро ба дасти бегонагон дода бошад» бедор мекунад.

Имрӯз бошад бо доштани чунин таърихи талх ва шум чанд ватангадо дар шакли гурӯҳҳакҳои ба ном “оппозитсия” остонаи дари аврупоиёнро манзил карда, аз худ инсондӯст, ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд ва дубора мехоҳанд рӯзҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор кунанд.

Аъзои  ТТЭ ҲНИ ҳаргиз дар фикри ягон ободонӣ ва бунёдкорӣ нестанд, балки онҳо бо гузарондани ҳамоишҳои пурғарази хеш талош доранд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бадном карда, ҳамзамон, чеҳраи сиёҳ ва террористии ҲНИ ва саркардагони ҷинояткори онро ҳамчун омили мусбат ва хайрхоҳ муаррифӣ намоянд. Тавассути ин кирдорҳои шумашон аз маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ манфиат ва истифода мебаранд.

Дар филм исбот карда мешавад, ки ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Чунончи, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии ПҲ 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд. Ин амали террористиро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро гаравгон гирифта,  куштанд.

Вобаста ба ин, рисолат дар ҷомеаи демократӣ таъмини рушди кишвар, беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Филми мазкур моро ҳушдор медиҳад ва онро мо нағз дарк мекунем. Мо ҷавонон минбаъд низ барои созандагӣ, ободии Ватан, осудагии сокинони он ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу ваҳдат равона хоҳем кард.

Умеда Комилова,
сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон