zoofirma.ru

Ба наздики тариқи шабакаҳои телевизиони кишвар филми ҳуҷҷатии "Хиёнат” оид ба фаъолияти кирдорҳои нангини хоинони миллат, аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ намоиш дода шуд тамошо намуда, аз амалҳои содиркаради ҷинояткорон тӯли солҳои гузашта огоҳ гардидам. Ин тоифа хоинон чӣ қадар низоъву куштори шахсиятҳои бузургони миллати тоҷикро содир намудаанд.

Дар филми ҳуҷҷатӣ хиёнаткориҳо ва ҷосусии ҲНИ ва ҳаммаслаконӯ, ки давоми солҳои 90-ум оромиву осоиштагии ватанамонро бо фикри хиёнаткорона ва бо фармоиши “хоҷагони хориҷӣ”-и худ халалдор сохта, ба Ватан, оила халқи худ, ба сарзамине, ки худ дар он ба воя расида, аз обу ҳавояш баҳравар гардидаанд, нохалафона хиёнат кардаанд. Дар ҳақиқат, амали ношоистаеро, ки ба гумроҳӣ мебарад, натиҷааш торикиву ҷавобаш сангин аст ва ҳар як амалеро ҷавобест...

Ин амалҳои ношоиста ва нангини  ҳизби хиёнатпеша ва пайравони гумроҳи ӯ сабаб гардид, ки солҳои 90-ум дар кишвари мо низоъ ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа чӣ қадар оилаҳо саргардон, хуни садҳо халқи бегуноҳи тоҷик, ҷавонон, модарону кӯдакон рехт.

Дар филм баръало инъикос мегардад, ки ба хотири  ҳарчи зудтар анҷом додани амали нопоки мусаллаҳона–нобуд кардани ҳокимияти конститутсионӣ ҲНИ чизеро дареғ намедорад, ҳатто ватанфурӯширо.  Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он зиёда аз 520 яроқи оташфишон ва 11000 лавозимоти ҷангӣ аз хоинони миллат мусодира гардид. Дар мавзеи паноҳбурдаашон 38 террорист бо роҳбарии А.Назарзода нобуд карда шуда, 161 узви ҲНИ  ва шарикони онҳо дастгир  гардиданд. Тасдиқ гардид, ки миёни фаъолони ҳабсшудаи ҲНИ чанд нафар резидентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ низ буданд.

29-уми сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳамчунин худи тарафдорони ин ташкилот, ки имрӯз аз карда пушаймонанд, амали онҳоро маҳкум намуда, сирри онро фош намуданд.

Филми мустанади "Хиёнат” ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ибратомӯз аст, ки аз чунин амалҳои нангин баҳри худ хулоса бароранд. Амалҳои ношоистаи шахсоне, ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор мегардонад, мардумро ба гумроҳӣ мебарад, оқибат нобуд хоҳад шуд, ки ин душманони миллат ҳеҷ гоҳ ободӣ ва амонии давлати моро намехоҳанд.

Бинобар ин, ҳар яки мо чун узви ҷомеаи кишвар ҳушёру зирак ва дар андешаи пешрафту шукуфоии диёр бошем, ба ободии он бо меҳнати созанда саҳм гузорем.

Улуғбек Худойбердиев,
сармуҳаррири ҳафтаномаи “Соҳил”