(0 овоз, миёна 0 аз 5)
zoofirma.ru

«Оилаи тифоқ»Охири моҳи сентябр дар ин ҷо маҳфили доимоамалкунандаи «Оилаи тифоқ» ба ифтихори Соли оила баргузор шуд. Оилаҳои намунавии Ашӯровҳо, Қаҳҳоровҳо ва Тошматовҳо аз шебу фароз ва пастию баландии зиндагии якҷояи хеш ба ҳузурдоштагони маҳфил нақлҳои ҷолиб намуданд.

Толибилмони МТМУ-и №11 дар ситоиши меҳру муҳаббат, оилаю оиладорӣ пораҳои шеърӣ қироат карданд.

- Бузургони мо осори хуби маънавию ахлоқиро бобати одоби оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзандон, ҳурмату эҳтироми падару модар, инсон, расидан ба қадри ҳамдигар ва дигар паҳлуҳои мухталифи рисолати оиладорӣ боқӣ гузоштанд, то мо дар ҳаёт роҳгум назанем,- ҳини баромади хеш иброз дошт, мудири бахши кор бо занон ва оила Муслимахон Исоқова. Дар фарҷоми маҳфил ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд.