zoofirma.ru

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанд нафар кӯдакону наврасонро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим карда, ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдак табрик намуд.

Нахуст Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода варзишгари навраси умедбахш Анӯшервони Ғуфрон, иштирокчиёни фаъоли озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” Маҳваш ва Меҳрнӯш Бойматоваҳоро аз кӯчаи Исмоили Сомонии маркази шаҳр аёдат карда, бо онҳо суҳбат намуд.

 

Баъдан Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода кӯдакони имконияташон маҳдуд Нозанин, Сарвиноз ва Комрони Комилиро аз кӯчаи Дӯстии халқҳо ва Соҷида Маматова аз кӯчаи Эгамбердӣ Хуҷамбердиев аёдат намуд. Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо пайгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба кўдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таъмини мусоиди осудаи инкишоф ва тарбияи воқеии онҳо тадбирҳои судманд хоҳад андешид.

Зимни мулоқоту суҳбат наврасону кўдакон дар мавзўъҳои Ватану дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ шеърҳо қироат карда, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода кўдакону наврасонро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии кӯдакон табрик гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Падару модарон ва наврасону кӯдакон барои муборакбодӣ ва ғамхориву таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон