zoofirma.ru

Кӯмак ба 100 нафарФарҳанги бузурги то исломии миллати мо ва ҳамчунин замони исломӣ тарғибгари ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон ва ёди хайр аз гузаштагонро талқин мекунанд.

Бо арҷгузорӣ ба суннатҳои зикр гардида Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи Иди саиди Қурбон хайру эҳсонро самти асосии фаъолияти худ қарор дода, зиёда аз 100 нафар ашхоси ниёзманд ва оилаҳои нодор бо кӯмаки моддӣ фаро гирифта шуданд.

Нафарони эҳтиёҷманд бо арзи сипос ба Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода изҳор доштанд, ки сулҳу суботи кишвар, ки самари талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст бобақо бошаду то абад ваҳдати миллӣ пойдор монад.