zoofirma.ru

Зарчашма: ду синфхона бунёд ёфтБо ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳоҷиён ва соҳибкорони деҳаи Зарчашмаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон барои толибилмони МТМУ-и №12 дасти сахо бикшоданд. Бо мадади онҳо ду синфхонаи технология барои омӯзиши дарси таълими меҳнат бо тамоми шароитҳои замони муосир дар рӯзҳои таҷлили ҷашни соҳибистиқлолии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳ раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Валиҷон Қамбаров иштирок ва баромад намуданд.

-Чунин иқдому амалҳои хайр дар оянда низ идома хоҳад ёфт, -зимни сӯҳбат иброз дошт сарвари мактаб Улуғбек Хоҷаев.