zoofirma.ru

Ҳамасола дар Паёми Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятнокии рушди ҷомеа меҳисобанд. Пас мо омӯзгоронро зарур аст, ки он рисолати муҳиме, ки бар уҳдаи хеш дорем сидқан иҷро намуда, фарзандонеро тарбия намоем, ки номбардору парчамбардорони ин миллату давлат гарданд.

Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққатӣ ҷиддӣ ва аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар Паёмашон таъкид доштанд, ки «Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии онҳоро таъмин намоем».

Ин гуфтаҳои Пешвои муаззамӣ миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарбаландӣ, фарањмандиву хушҳолии ҳар як кормандони соҳа гардиданд ва аз матонату ҷасурӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, хирадмандиву дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Баробари Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонд, ки бо кирдору ҷасорат ва омилҳои некаш тавонист, ки мардуми парешонро муттаҳид созад, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор намояд ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад.

Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорем, ки ба хотири таҳкиму пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.

Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.

 

Саодат АБДУРАҲМОНОВА,

омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №3-и

шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон