zoofirma.ru

Дар маркази шаҳри Гулистон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо дар майдони маркази савдои “Пӯлодиён”-и кӯчаи асосии шаҳр бо иштироки ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ва ҷамоати шаҳраки Сирдарё ҷамъомади ботантана доир гардид.

Дар табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба иштирокчиёни дави наврўзӣ зикр карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрӯз сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон низ бо рӯҳбаландӣ ва ифтихормандӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Дар ҳақиқат, дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ ин боз яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин, маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ, эҳё ва рушди намудҳои гуногуни варзиш ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Ба тасвиб расидани қарори Раиси шаҳр «Дар бораи рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» ва эълони ҳафтаи чоруми ҳар моҳ ҳамчун рӯзи тарғиби тарзи ҳаёти солим барои оммавӣ гардонидани варзиш, обутоби ҷисмонӣ ва тандурустии сокинони шаҳрамон мусоидат ва шароитҳои хуб фароҳам овардааст.

Сипас дар оғоз марафони велосипедронӣ аз назди мағозаи «Пӯлодиён» то чорраҳаи Шабакаҳои барқи Суғд доир гардид.

Баъдан дар се марҳила дави наврӯзӣ бо иштироки зиёди сокинон, аҳли ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхона ва идораву муассисаҳо ба вуқӯъ пайваст.

Дар майдони шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ гузаронида шуда, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ дипломҳо ва ба ҷомеаҳои меҳнатӣ барои иштироки дастљамъона сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар ҷамоати шаҳракҳо низ бо иштироки зиёди дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ҳудуди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ба ифтихори ҷашни ҳумоюни Наврӯзи байналмилал дар рӯҳияи баланди тафохур аз Истиқлолият, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони созандагӣ ва ободкориҳо дар кишвар ҷараён гирифт.