zoofirma.ru

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!

Соли 26-умин аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа воситаҳои  ахбори омма, ки яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа воситаҳои  ахбори оммаро  ба яке аз воситаҳои  муҳими таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст. Имрӯз намояндагони васоити ахбори омма сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон мебошад. Алҳол дар майдони матбуоти кишвари соҳибистиқлоламон беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр матбуотро ба таври доимӣ дастгирӣ мекунад, барои беҳтар шудани шароити меҳнатии рӯзноманигорон, базаи моддию техникии идораи ягона рӯзномаи расмии шаҳр – «Соҳил» ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад.

Дар раванди кор бо матбуоти даврӣ мо ҳамкории вусъатнокро роҳандозӣ намуда, баҳри тарғиби ғояи миллӣ, тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, пур кардани фазоии иттилоотӣ ва инъикоси рӯйдодҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқ васеъ истифода мебарем.

Хурсандиовар аст, ки нахустин шумораи рӯзномаи расмии шаҳр «Соҳил» маҳз дар даврони истиқлолият бисту ду сол муқаддам, бо ташаббуси рӯзноманигор Илҳом Раҳим нашр гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шурӯъ аз соли 2017 бошад, ҳафтанома ба тарзи офсетӣ ва дуранга, бо теъдоди як ҳазор нусха бо сифати баланд нашр мегардад. Дар давоми бисту ду соли мавҷудияти худ қариб ҳазор шумораи он дастраси муштариён гардидааст. Дар ин росто заҳмати зиёди аҳли эҷод ва мухбирони ҷамоатии ҳафтаномаи шаҳрӣ баръало ба назар мерасанд.

Имрӯз, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар тӯли бисту ду соли арзи вуҷуди худ «Соҳил» тавонист, ҳадафҳои ташкилёбии худро пиёда намуда, маҳбуби гулистониён гардад. Дар ин росто, итминон дорам, ки ҳафтавори «Соҳил» минбаъд низ дар кори баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони шаҳру шаҳракҳо, инчунин тарғибу ташвиқи комёбиҳои шаҳру ҷамоати шаҳракҳо  ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти худро густариш дода, барои таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявиамон хизматҳои шоиста хоҳад намуд. Ҳамзамон, рӯзномаи расмии Гулистон минбаъд низ чун оинаи ҳақгӯй монда, воқеиятро ҳаққонӣ инъикос мекунад, барои таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату дӯстӣ ва таъмини пояндагии сулҳу осоиштагӣ саҳм мегирад.

Кулли собиқадорони матбуот, намояндагони ахбори омма, инчунин кормандон ва мухбирони зиёди ҷамоатии «Соҳил»-ро бо Иди матбуоти тоҷик сидқан шодбош менамоям. Иди касбӣ муборак бод!