zoofirma.ru

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати собиқадорон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода якҷоя бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов як зумра бонувони фаъоли шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро аёдат намуданд.

Аз ҷумла, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию ҳизбӣ Санавбар Нуриллоева, Муқаддама Холиқова, Каромат Қосимова, ки солиёни тӯлонӣ дар хизмати давлатӣ буданд, инчунин собиқадори соҳаи энергетика Ҷаннат Холова-Ядгарова ва модари муҳофизи сохти конститутсионӣ, собиқадори меҳнат Рамзия Давлатова аёдат гардида, ба онҳо табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳр, инчунин армуғони идона расонида шуданд.

Дар навбати худ модарон шукронаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва зиндагии орому осоишта намуда, барои ғамхориҳои рӯзафзун изҳори самимии миннатдорӣ баён карданд.