zoofirma.ru

Яке аз самтҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум баҳри бунёди иншоотҳои гуногуни замонавӣ, корхонаҳои худу миёнаи истеҳсолӣ ва бо ин ҳадаф расидан ба ободиву шукуфоӣ, муайян намудани ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст.

Дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолии кишвар даромадгоҳи шаҳр боз ҳам зеботар гардид. Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода фаввора аз нав таъмиру таҷдид ва фаъолияти бозмондаи он барқарор шуд. Фаввораи зебо боз ҳам ҳусни шаҳрро фузуд.