zoofirma.ru

Дастовези муносибДар давоми ҳашт моҳи соли равон саноатчиёни қайроққумӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда пешкаш намуданд.

Ба иттилои мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум Фазлиддин Орифов корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар давоми ҳашт моҳи соли 2015 фаъолияти бонизом бурда, дар ин давра ба маблағи 717 млн. 127,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 111,5 фоизро ташкил дод, ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 74,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки дар қаламрави шаҳри 28 корхонаҳои саноати фаъолият бурда, маҳсулотҳои мухталифи саноатӣ, аз қабили металлҳои нодир, консентрати сурб, руҳу хокаи мис, зарфҳои шишагӣ, маҳсулоти оҳану бетонӣ ва сохтмонӣ, нерӯи барқ, маҳсулотҳои қолинию тафтенгӣ, орд, ғизои чорво ва дигар маҳсулотҳои саноатию ниёзи мардум истеҳсол менамоянд.

Дар густариши раванди саноати шаҳр саҳми корхонаҳо, аз ҷумла ҶДММ Ширкати  саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой (директори генералиаш Ян Чжи Сай), ҶДММ КМ ТК «Апрелевка» (директории генералиаш Бахтиёр Маҷидов), ҶДММ «Қолинҳои Суғд» (директории генералиаш Абдумуталиб Абдуллоев), Нерӯгоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо» (директораш Файзулло Авезов), ҶДММ «Фаровон» (директораш Исроил Самандаров), ва ҶДММ «Чархи гандумин» (директораш Муҳаммадҷон Саидбоев) хеле назаррас буда, маҳз онҳо пешоҳангони соҳаи саноати шаҳр мебошанд.