zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабинии 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ дар шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он вусъати тоза пайдо намудааст.

Чанде пеш аз ҷониби Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулин оид ба бунёди боғи интенсивӣ ва дар ду шафати роҳи асосӣ даромадгоҳи ғарбии шаҳр бунёди гулгашт барои сонкинон супориш дода шуда буд. Айни маврид барои бунёди боғи интенсивӣ дарахтон бурида шуда аз тарафи мутахассисон ниҳолҳои барои шинонида шудан интихоб карда шудаанд. Дар ҳудуди шаҳр бошад бунёди девор дар ҳудуди кўчаи марказӣ ба вуқўъ пайваста, итмоми ин бунёдкорӣ ба санаи 10-уми марти соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин биноҳои истиқоматии ҳудуди шаҳр бо рангубор фарогир шудаанд. Идома додани хуррамгардонии шаҳр, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ мавриди таваҷҷўҳи хоссаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, сокинон низ дар корҳои бунёдкорӣ саҳми худро гузошта истодаанд.