zoofirma.ru

Бо мақсади густариши корҳои ободониву хуррамгардонӣ, сабзкорӣ ва тақвияти раванд корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода аз вазъи иншооти бунёдшаванда боздиди корӣ ба амал овард.

Дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр бо масъулин Раиси шаҳр роҷеъ ба азнавсозии ду шафати роҳи асосии даромадгоҳ дар минтақаи ҶШС “Қолинҳи Қайроққум” ва бунёди гулгашт барои сокинон вазифагузориӣ намуд.

Сипас дар мавзеи бунёди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва сехи дӯзандагӣ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо сохтмончиёни ин иншоот доир ба тарҳи бунёди ин объектҳои навсохташаванда суҳбат намуда, доир ба ҷараёни сохтмон ва муҳлатҳои он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни омодагии ифтитоҳи маркази солимгардонии “Сино” дидан намуда, доир ба босуръат идома додани корҳои таъмиру сабзкорӣ дастурҳо дода шуд.

Раиси шаҳри Гулистон инчунин аз ҷараёни сохтмони иншооти калонтарин - осоишгоҳ барои 200 нафар дар соҳили “Баҳри тоҷик” шинос гардида, ба масъулин оид ба рафти корҳои сохтмони маслиҳатҳои муфид дод. Зикр гардид, ки дар натиҷаи бунёд осоишгоҳи нави замонавӣ имкуонияти қабули сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ бамаротиб меафзояд.

Дар минтақаи истироҳатӣ Раиси шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёд Боғи нави интенсивӣ  бо масъулин суҳбат намуда, доир ба бунёд, интихоби ниҳолҳо ва корҳои агротехникӣ ба масъулин вазифагузорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон