zoofirma.ru

Хушҳолии собиқадоронАёдату дидорбинии шахсони барӯманд, ки солҳои дароз ба хадқу ватан софдилона хизмат кардаанд дар арафаи баргузории ҳар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст, ки қобили қабули аҳли ҷомеа мебошад.

Дар ин радиф 7 сентябри соли 2015 муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор ва раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов аз рӯзгори собиқадорони меҳнат Санавбар Нуруллоева, Муҳсин Раҳимов ва Шоҳзода Мусобекова дидан ба амал оварда, онҳоро аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод гуфта, дар вазъияти тантанавӣ ба миқдори 1000 сомонӣ маблағи идона супориданд.

Хушҳолии собиқадоронСобиқадорон аз ин ғамхории Президенти мамлакат дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолӣ арзи сипосу шукргузорӣ намуда, барои ободии Ватан, вусъат додани корҳои созандагию ободкорӣ ва зиндагии шоистаи мардум дасти дуо бардоштанд.