zoofirma.ru

Дар арафаи Соли нави милодӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода Қаҳрамони меҳнат Муҳсин Раҳимов, собиқадорони меҳнат Санавбар Нуруллоева, Муқаддама Холиқова ва Анастасия Петроваро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.

Ба ифтихори Соли нави милодии 2020 ба беш аз 800 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд, имконияташон маҳдуд ва бесарабон туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Гулистон супорида шуданд. Дар ин кори хайр соҳибкорони маҳаллӣ, корхонаву ташкилотҳо, ҷамоати шаҳракҳо низ саҳми босазо гузоштанд.

Ба ду нафар Светлана Тюленова аз маркази шаҳр ва Ҳафиза Ҳоҷиева аз шаҳраки Косной аробачаҳои нав дар арафаи Соли нав туҳфа карда шуд.