zoofirma.ru

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Гулистон корҳои бунёдкориву созандагӣ рӯз ба рӯз тақвият меёбад.

Дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода утоқҳои нави корӣ барои нозирони минтақавии милитсия дар бинои собиқ ҷамоати шаҳрак пас аз таъмиру тармими асосӣ супорида шуд.

Утоқҳои корӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти пурсамари нозирони минтақавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, тамоми шароитҳои корӣ муҳайё мебошад.

Зикр бояд кард, ки дар ин бино, аллакай пас аз таҷдид китобхонаи шаҳрак ва утоқи кории ташкилоти ҷамъиятии “Ҳомиёни Ватан” соҳиби ҷойи корӣ шуда фаъолияти бонизом доранд.