zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои тасдиқи нақшаи чорабиниҳо доир ба ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ҶIII ҲХДТ аз 13-уми декабри соли 2019, тасдиқи самтҳои асосии фаъолияти КИШ ҲХДТ барои соли 2020, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Сипас доир ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси васеъ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар интиҳо ба пешсафони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар вазъи тантанавӣ медали ҷашнӣ, сипосномаҳои кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб супорида шуданд.