zoofirma.ru

Консой. Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҳини сафари корӣ аз набудани оби нӯшокӣ дар беморхонаи шаҳрак изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини Ҷамоат дастур дода муваззаф карда буд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ин муаммо ҳалли худро ёбад. Дар арафаи ҷашни Истиқлолият бошандагони ин ҷо бо дарёфти 6 ҳазор сомонӣ маблағ аз масофаи 1150 метр ба беморхона бо тариқи ҳашар хатти об кашиданд.