zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз тасдиқи рӯзнома ва интихоби ҳайати котибот иҷлосия ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар иҷлосияи ғайринавбатӣ вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум, оид ба ташкили комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, дар бораи тасдиқи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, инчунин бо пешниҳоди комиссияи доимӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети маҳаллӣ, соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва хоҷагии коммуналӣ, дар бораи тасдиқ намудани протоколи комиссияи музоядавӣ ва шартномаи хариду фурӯши объекти хусусигардонидашуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр комиссияи вилоятии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ карда шуд. Тибқи ин қарор комиссияи шаҳрии интихобот аз 15 нафар иборат буда, миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ 35 (сию панҷ)  адад муқаррар гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода дар поёни иҷлосия ба масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ, таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон дар вақти баргузории интихобот ва бо риояи принсипҳои асосии интихобот доир намудани интихоботи вакилони халқи шаҳр  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон