zoofirma.ru

Дар бораи даъвати иҷлосияи 21-уми (ғайринавбатии)

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

 

  1. Иҷлосияи 21-уми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 11 декабри соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.
  2. Ба баррасии иҷлосияи 21-уми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:
    2.1. Дар бораи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум;
    2.2. Дар бораи тасдиқи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум;
    2.3. Оид ба ташкили комиссияи шаҳрии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум.
  3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр, муовини Раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта шавад.

Раиси шаҳр                                           Фирдавс Шарифзода