zoofirma.ru

Чаро наҳзатиён даст аз амалҳои ноҷавонмардона бознамедоранд?

Сари ин масоили мубрами дархӯри рӯз, ки ҷаҳони муосирро чун вабои аср фаро гирифта, доман густурдааст, бояд андеша ронем ва нагузорем, ки нафаре гирифтори доми балои гурӯҳҳои ифротӣ гардад. Дар чунин айёми пуртазод дар канор ва бетараф будан ҳаргиз нашояд ва ба қавли шоире фармудааст:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

Худ қазоват кунед, ки саркардагони ин ҳизби манъшудаи террористию экстремистӣ аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта то ба имрӯз чӣ гуна амалҳои даҳшатангезро алайҳи халқу меҳани хеш раво донистаанд. Агар ба ҳодисаҳои мудҳишу нохуши солҳои охир назар афканем, он гоҳ симои манфури ин тоифаи сияҳкору сияҳдил ба пуррагӣ намудор мегардад. Куштори ваҳшиёнаи сайёҳон дар ноҳияи Данғара, низоъ ва бетартибиҳо ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва чанде дигар бевосита бо роҳбарию роҳандозии эшон амалӣ шудаанд. Ин морсифатони одамсурат нақшаҳои хунину нопоки худро пешакӣ дар рӯзҳои иду санаҳои таърихӣ тарҳрезӣ кардаанд, то ин ки зиндагии орому осудаи халқро халалдор намуда, ҳамаро ба таҳлуқа андозанд. Чашми хиради эшон боз нашудааст, тангназар ҳастанд ва кулли пешравиҳои, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст  омадаанд, бо чашми кам мебинанд, худро нодида мегиранд. Ба ибораи дигар, кӯри худу бинои мардуманд. Шоир дар ҳаққи чунин ашхос фармудааст:

Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шудааст, ки ҷавонон қишри муҳими ҷомеа маҳсуб меёбанд ва тақдири ояндаи халқу миллат, давлат дар дасти онҳо аст ва ба онҳо вобастагии калон дорад, зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надода, ба ҳаргуна овозаҳои бардурӯғи тариқи сомонаю воситаҳои иттилоотии аз ҷониби ифротиён пахшгардида, эътиқоду эътимод пайдо накунанд. Фирдавсии суханофар дар ин бора фармудааст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳамеша чоҳканҳо зери чоҳанду роҳзанҳо рӯйи роҳ. Бе ҳеҷ шакку шубҳа, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошта, саҳми босазои худро дар корҳои ободонию созандагӣ гузорад. Тибқи гуфтаҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат “Тоҷикистон – ба пеш” пайкор намоянд.

Мирсаидамин Мирбобоев,

омӯзгори МТМУ №1, шаҳри Гулистон