zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рўзи кормандони молия ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовиниякуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро манзури молиячиёни шаҳр намуд.

Зикр карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгў ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд.

 

Алъон вазифаи асосии кормандони мақомоти молия иборат аз он аст, ки ба ҷараёни татбиқи сиёсати андоз таҳким бахшида, буҷети давлатиро мунтазам ва сари вақт таҳия намуда, истифодаи босарфа ва мақсадноки маблағҳои буҷетиро ба роҳ монда, чорабиниҳоеро, ки аз хазинаи давлат маблаѓгузорӣ мешаванд, бо маблаѓ таъмин намоянд. Боиси тазаккур аст, ки кормандони мақомоти молия дар шаҳр вазифаи хизматӣ ва уҳдадории мансабиашонро муваффақона иҷро мекунанд ва дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти сокинони шаҳр ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Дар охир дар вазъи тантанавӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳаи молияи шаҳр сипоснома ва туҳфаҳо супорида шуданд.