zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ва толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии aвилояти Суғд оид ба доир намудани мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот мулоқот доир гардид.

Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1-уми марти соли 2020 таъин гардид.

 

Дарин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба омодагӣ ва ташкили раванди интихобот дар соли 2020 сармашқи кор намуда, тадбирҳои заруриро роҳнандозӣ менамояд.

Сипас коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Соибов, сармутахассиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Шукурӣ, муовини прокурори вилояти Суғд Абдуғаффор Ҳикматуллозода, нотариуси давлатии шаҳри Гулистон Бахтиёр Қурбонов ва мудири бахши ҷавонон ва варзиш Саидахон Аҳмадзода доир ба паҳлуҳои маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботӣ қарибулвуқўъ суханронӣ намуданд. Зимни суханронии маърўзачиён масоили “Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ”, “Ҳуқуқи интихоботӣ:моҳият ва мазмун”, “Нақши маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар таъмини волоияти қонун”, “Ҳуқуқи интихоботӣ василаи таъмини гендерӣ”, “Занон ва интихобот:вазъи муосир ва дурнамои рушд” ва монанди ин матраҳ гардиданд.