zoofirma.ru

Дар толори бахши ҳифзи муҳити зист бо занону духтарони фаъоли шаҳр вохӯрии гурӯҳи кории раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ойнисо Раҳматова мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Истамбону Расулова, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ӯғулой Умаралиева, директори ташкилоти ҷамъиятии «Насл» Орзухон Ғаниева оид ба «Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол», тарғиби либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии дахлдор, роҷеъ ба аксияи «16 рӯзи алайҳи хушунат» ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуданд.

 

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон