zoofirma.ru

Имрӯз чанд нохалафи зархариду ватанфурӯш аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ монанди саги дайдуву девонае ба ҷониби давлати озоду ободи мо – Тоҷикистон аккос зада, ҳарзагӯӣ ва сафсатабозӣ мекунад. Дар ин ҷанги эълоннагардидаи хоинони ватану миллат, хонашерони майдонғариб дар гӯшае хомӯш нишастан ба мову шумо ватандорон шоиста нест.

Таърих шоҳид аст, ки солҳои 1991-1992 давлати Тоҷикистон қариб рӯ ба таназзул ниҳода буд. Дар он солҳои мудҳиш ягон шахсияте пайдо нашуд, ки давлати куҳанбунёди моро аз нестшавӣ нигоҳ дорад. Дар ин шароити вазнин шахси баору номуси миллат абармарди майдони хирад Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда масъулияти бузурги давлатдориро ба зимма гирифтанд.

Соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон як туҳфаи таърихиест, ки он ба мардуми мо насиб гаштааст. Ин ҷо сухан аз истиқлолу бедории кишвар аст. Ҳаракат дар масири истиқлол рӯз то рӯз моро ба сарзамини мақсуд наздиктар намуда, иттиҳоди моро неруманд ва фазои маърифати миллиро нуронитар карда истодааст. Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем бояд ҳамдами он бошем, мо сокинонро месазад, ки ба рафтору одоби намунавии худ барои ободу хуррам намудани кишвари маҳбуб камари ҳиммат маҳкам бандем. Мо шаҳрвандони кишвари озоду обод ифтихор аз он мекунем, ки тӯли 28 сол аст, ки аз меваҳои пурбори дарахти истиқлол шаҳд мечашем.

Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти худшиносии миллии мо гардида, моро ба сӯи созандагӣ такони ҷиддие медиҳад. Шукронаи истиқлолият, ки дар кишвари маҳбуби мо осоиш ва сулҳу субот ҳукмфармост. Ҳамаи мо бояд ба қадри хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат бирасем.

Сафар Нурматзода
Раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон