zoofirma.ru

Таҷлили Рӯзи Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии Истиқлол роҳпаймоии ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассиса, ҷамоати шаҳракҳо, идораву ташкилот ба ифтихори даҳсолагии ин ҷашни даврони Истиқлолият баргузор гардид. Намояндагони сершумори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, шаҳракҳо дар даст парчамҳои давлатӣ, инчунин парчамҳои рамзии тӯлонӣ, бо шиору овезаҳо, шиорпартоиҳои “Шараф ба Тоҷикистони соҳибистиқлол!”, “Шараф ба Пешвои муаззами миллат!” дар партави парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз чор ҳазор нафар роҳпаймоӣ намуданд.

Дар майдони Парчами давлатӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида шуд. Зикр гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Бо таъбири Пешвои муаззами миллат «Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид». Чун ҳар ҷо Парчам барафтохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Дар интиҳо санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертиро манзури ҳозирин намуданд.