zoofirma.ru

КОНСОЙ. Дар толори ҷамоати шаҳрак бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Наргис Маҳмудзода, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Сайдуллоӣ доир ба мақом ва арзиши Парчами давлатӣ сухан гуфтанд. Ҳамзамон, шогирдони муассисаи таълимии № 3-и шаҳрак дар ситоиши Парчам, Ватан, Истиқлолият шеъру таронаҳо қироат намуданд.

 

Дар вазъи тантанавӣ 11 нафар ҷавонони шаҳрак ба сафи ҲХДТ шомил гардида, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.