zoofirma.ru

28 августи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳраки Зарнисор ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шукри истиқлолат, кишварам!» чорабинии васеъи идона доир гардид.

Нахуст раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявии «Тоҷикметалл» Абдулло Холиқов назди ҳозирин оид ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова низ баромад карда ба 6 нафар фаъолони шаҳрак шаҳодатномаи ҳизбӣ супорид. Директори генералии ҶДММ «Ширкати саноатӣ - кӯҳии  Тоҷикистону Хитой» Ян Чҷи Сай кулли ҷамъомадагонро шодбош гуфт. Хатнасӯри 6 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Убайдулло Анваров ва Акбарҷон Маллаев лавозимотҳои мактабиро ба хонандагони МТМУ-и №10 супориданд. Ба собиқадорони меҳнат ва машъалони истеҳсолот тӯҳфаҳои хотиравии ширкат дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

-Дастархони идона, бозиҳои гуногуни варзишӣ ва барномаи рангини консертӣ он рӯз хотирҳоро болида сохт,-аснои сӯҳбат иброз дошт, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ширкат Ҳоҷимуҳаммад Салимӣ.