zoofirma.ru

Бо сабаби бегонагӣ аз миллату давлат “паймончиён”, ё худ собиқ наҳзатиён дар сомонаҳои интернетӣ ба миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷик ҳама гуна айбу гунаҳҳоро бор мекунанд. Онҳо бо худфурӯшӣ дар фикри пешравии халқи тоҷик нестанд, балки ҷаҳонбинии паст дошта, бо ин амали хеш мехоҳанд, муқобили ҳама гуна пешравиҳои давлати мо афсонаҳо мебофанд.

Ин хоинони миллат, ки айни ҳол дар ғарибӣ ҳамчун гадоён умр ба сар мебаранд, сулҳу субот, ободкорӣ, созандагӣ ва обрую эътибори миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ мехоҳанд коҳиш диҳанд, чунки онҳо беору беномус буда, соҳибдавлатии моро ҳамчун миллати озод чашми дидан надоранд ва барои ихтилоф андохтан дар байни ҷавонон ба ҳар роҳу рафтори даҳшатзо даст мезананд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар конфренсияҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳояшон бо сокинони кишвар пайваста дар бораи тавсеёбии терроризм ва ифротгаройӣ ёдовар шуда, онҳоро ҳамчун зуҳуроти зидди башари маҳкум менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки терроризм ва ифротгаройӣ ба дини мубини ислом ягон иртибот надоранд, динҳои ҷаҳонӣ зидди хушунат, тундгаройӣ, амал террористӣ ва ифротгаройӣ мебошанд ва баръакс, асли таълимоти онҳоро худшиносӣ. Худогоҳӣ, дӯстию бародарӣ ва муҳаббату эҳтироми инсон дар бар мегирад.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар марҳилаи нави бунёдкорӣ расидааст. Пиру барно онро самимона дастгирӣ менамоянд. Ҳар сари қадам пешрафту бунёдкорӣ ва қаноатмандиву хурсандиро аз ҳаёти осоишта, аз чеҳраи ҳар як сокини мамлакат метавон мушоҳида кард. Қомат афрохтани садҳо иншооти ҳаётан муҳим. Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, вусъати пардохтани даҳҳо корхонаи нави истеҳсолӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя аз дастовардҳои даврони истиқлолият аст. Муҳимтар аз ҳама, дар пеш моро ҷашни мубораки кишвар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Ин санаи муҳиму тақдирсозро ҳар узви ҷомеаи навини Тоҷикистон бояд тавре истиқбол гирад, ки душманони дохиливу берунӣ ангушти пушаймонӣ аз кардаҳои хеш газанд.

Ғолиб Юлдошзода, шаҳри Гулистон