zoofirma.ru

Истиқлолият неъмати бебаҳоБисту чор сол аст, ки Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Ҳарчанд, ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд. Баромади сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилоят Ният Ҳаёт санаи 20 августи соли ҷорӣ дар Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки назди кормандони соҳаи тибби Маркази саломатии шаҳр бо чунин андешаҳои болоӣ оғоз ёфт.

 

Дар назди ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхона ва Ҷамоати шаҳракҳо тарғиботчиён роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф заданд.

Мавзӯи хониши сиёсӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳо ва беназир» буд.