zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Гулистон бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони мақомоти молия, андоз, раёсати энергетика, бахшҳои бонкҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул мулоқот тибқи нақшаи тасдиқгардида бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони гумрук, молия, андоз, бонк ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Вохӯриро роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Абдуаҳад Ҳакимзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид. Сипас намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсия Васлибек Назриён суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки Пешвои муазами миллат дар мулоқоти ба вуқӯъ пайваста махсус таъкид намуданд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Дар мулоқот инчунин самтҳои асосии Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2016-2020, ҳаракату амалҳои коррупсионӣ ва муқовимату мубориза бо ин падидаи номатлуб шарҳу тавзеҳ дода шуд.