zoofirma.ru

Сулҳу субот, амнияту оромӣ, ормонҳои миллӣ аз саодати рӯзгори мо гувоҳӣ медиҳад. Инсоният дар ҳама давру замон дар орзуи сулҳ аст то ба мақсадҳои наҷибаш шарафёб гардад.

Зеро муҳаббат ба Ватан аз гӯшаи имондорӣ аст. Мутаассифона, дар замони муосир як хатари бузурги сатҳи байналмилалӣ терроризм ва экстремизм доман паҳн мекунад. Ин гурӯҳҳои тахрибкору ифротгаро мехоҳанд ба тафаккури ҷавонону наврасон ақидаҳои нодурусти номатлубро ҷой намоянд, ба акидаву иғвоҳои беасосу бебунёд дар ҷомеа таҳлукаву бадбиниҳоро роҳандозӣ намоянд.

Бештар бо роҳи фиребу найранг ва дахолати душманони дохиливу хориҷӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ фардҳои ноогоҳ ва ҷавонони зудбовари аз олами маърифату ахлоқ бехабарро ба гурӯҳҳои худ шомил менамоянд. Бинобар ин, мо мардуми бофарҳанги тоҷикро зарур аст, ки сулҳу суботро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем. Нагузорем, нохалафе, нопоке, дасисабозе, номарду ҳасуде дар доми фиребу найрангҳои гурӯҳҳои иртиҷоию ифротгароӣ бо тафаккури бегонаву заҳролудаш ба амнияти кишвар ва осудагии мардум рахна ва халал ворид намояд. Бигзор, ҷавонони фаъолу масъул ҳамчун пайравони Пешвои муаззами миллат ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва эҷоду эъҷозҳои нав дар рушди рӯзафзуни Тоҷикистони азиз нақши калидӣ дошта бошанд, зеро мо ба ин неруи бузург эътимоди комил дорем.

Шифо Долимова,
сокини шаҳраки Адрасмон