zoofirma.ru

Таҷлили иди табибонСанаи 17 августи соли равон дар Кохи Истиқлол бахшида ба иди табибон чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Нахуст Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба идашон шодбош гуфт.

-Боиси зикр аст, ки соҳаи тандурустӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дошта, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад, -таъкид дошт Раиси шаҳр.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муқумҷон Аминҷонов паёми идонаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид.

Баъдан сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ ба фаъолони соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Раиси шаҳр супорида шуд.

Барномаи рангини консертии ҳунарпешагони бахши фарҳанг идомабахши болидахотирии табъи аҳли толор гардид.