zoofirma.ru

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и маркази шаҳри Гулистон гурӯҳи ҷавонони фаъоли “Авангард”-и шаҳр (роҳбарони гурӯҳ Рухшона Содиқзода ва Фирдавс Нурматзода) бо мақсади хуррамгардонии ин марказ ва ободонии атрофи муҷассамаҳои “Хотира” ва “Ленин” ҳашар гузарониданд.

Дар ҷараёни ҳашар гурӯҳи “Авангард”-и МҒД “Коллеҷи тиббӣ” (сардорони гурӯҳ Комилҷон Аслонов, Бинусрат Ҷӯраева) фаъолона иштирок карда, гирду атрофи боғро аз партову хасрӯбаҳо тоза намуданд. Бояд зикр кард, ки гурӯҳи “Авангард”-и Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Гулистон яке аз дастаҳои калонтарини гурӯҳ маҳсуб ёфта, ба он беш аз 225 нафар шомил буда, ҳадафи асосии гурӯҳ пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, ширкати фаъолона варзидан дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ, гузаронидани аксияҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва монанди ин мебошад.