zoofirma.ru

Рӯзи якшанбеи 29-уми сентябр беш аз 200 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ташкилоту идораҳои маркази шаҳр, қолинбофон, ҷомеаи меҳнатии Коллеҷи тиббӣ бо роҳбарии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода барои расонидани ёрӣ ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров он ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Дар ин рӯз кормандони шуъбаву бахш, ташкилоту идораҳо, маорифчиён ва табибон ба хоҷагии деҳқонии "Абдураҳим Ҷумъев” бригадаи 17 омада, барои ҷамъоварии ҳосил ба пахтакорон кумаки амалии худро расониданд.

Ҳашарчиён бо роҳбарии Раиси шаҳр давоми рӯз зиёда аз 2 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирмани хоҷагӣ супориданд.