zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд. Мавлоно Румӣ яке аз пурмаҳсултарин адибони тоҷику форс ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар густариши фарҳанги мо – тоҷикон саҳми бузурге дорад. Осори гаронмояи Мавлоно Балхӣ дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» фароҳам омадаанд. Мақоми ин суханвари беназир ончунон баланд аст, ки ҳамагон ӯро бузургтарин шоири ҷаҳон, барҷастатарин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ва монанди ин ба қалам додаанд.

 

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Румӣ, воқеан, имрӯз китоби серхаридори ҳам Шарқу ҳам Fарб аст ва он қомуси миллист, ки ба мо тоҷикон аз дарозои таърих аз ин марди Худо мерос мондааст. «Маснавии маънавӣ» сар то сар ғояҳои адолатхоҳии ин марди бузург дар ҳаққи инсон мебошад. Ва бояд гуфт, ки Мавлоно адолатро ниҳоят доманадор ва ҷавҳарӣ шинохтаасту шарҳу тавзеҳи муфассал медиҳад. Дар фаҳмиш ва дарки ин ҳикмати маънавӣ адолат воситаи усули ҳастии инсон асту ҳам воситаи муносибати одам бо ҳамтоёни худ ва ҳам тарзу зисту ҳастии иҷтимоиёт аст. Агар мухтасар нигоҳу диди Мавлоноро оид ба адолат шиносем, бояд ин тавр гуфта бошем, ки адолатро ӯ пойдевор ва ҷавҳарии ҳастию амали иҷтимоии инсонӣ медонад ва нақл андар нақл, ҳикоя андар ҳикоят, панд андар панд, фасл андар фасл дар шаш дафтари «Маснавӣ»-и беш аз 25 ҳазорбайтаи ин шайхи инсонҷӯ бо қалами эъҷозгар паёпай сохтани нақши одамизода роҳ мепаймояд ва аз таърихи гузаштагон бо нақлу нақд мегӯяд ва аз ривоятҳо бо ҳикояҳои дилошӯб ҳикмат мегӯяд ва оинаи зиндагии моро меофараду месозад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз ин осори гаронмоя ва оламшумумли Мавлоно то қадри тавол хабардор бошем. Онро мутолиа намоем ва аз он баҳрабардор гардем. Зеро бубинед, ки як тан фарзонаи тоҷик Ҷалолуддини Румии Вахшонзаминӣ бо хости худу мардумони зодгоҳи аҷдодиаш не, бо хоҳишу талаботи китобдӯстони асили ҷаҳонӣ дар қитъаҳои олам соҳибтоҷ гардида, на танҳо беист, балки гузашта аз ин бо майлони афзуншавии рӯз ба рӯз азизтарин ва хонотарин адиби ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Дар охир ҳамагонро бо Рӯзи Мавлоно Румӣ муборакбод намуда, бароятон сарсабзиву офият, саодатмандӣ ва комёбиҳо таманно менамоям.