zoofirma.ru

Чаро САҲА (Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо) ҷор мезанад, ки бар зидди терроризм мубориза мебарад, вале ҳамоно ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломиро пуштибонӣ мекунад, аз ин рӯ бармеояд, ки онҳо аз рӯи стандарти мунофиқи (двойнқе стандартқ) кору фаъолият мебаранд.

Инак, вақте ба воқеаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) назар мекунем, эҳсос менамоем, ки дар амалҳои он ба ҷуз расидан ба манфиат ва ҳадафҳои ғаразноки ҷанд тан аз афроди ватанфурӯш чизеро намебинем. Бадбахтона, 16-уми сентябри соли равон дар пойтахти кишвари Лаҳистон - шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуда гузашт, ки дар қатори аъзои давлатҳои созмон боз ҳизбу созмонҳои муҳолиф (оппозитсионӣ) ва шахсони ба ном фаъолон (активистқ) ширкат варзида ҷор заданд. Аз ҷумла, Темур Варқӣ дар баромади худ ва дастаи “ифротӣ”-и ӯ фақат дар назди миллату халқиятҳои бегона обрӯи давлату миллати хешро сияҳ карда, бо ин амал барои худ имтиёз “очко” гирифтанд. Темур Варқӣ зери унвони “Озодӣ ва ошкорбаёнӣ” ба сухан баромада, гӯё аз набудани озодӣ ба сухан, андеша, ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот изҳори андеша намуд.

Гуфтаҳои ӯ саршор дурӯғ буда, худро ҳамчун мумайиз (эксперт) вонамуд мекард. Дар баробари ин, вобаста ба баргузории машварати солонаи навбатии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА бо таассуф изҳор мекунем, ки новобаста ба изҳороти фаровони ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, эътирофи ТТЭ ҲНИ бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ аз сӯи гурӯҳи калони кишварҳои аъзои САҲА ин ниҳод намояндагон ва ҷонибдорони ин ташкилоти террористиро ба машварат даъват намуд. Ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, ки ҳадафи аслиаш пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм аст, бояд ҳаргиз барои сӯиистифодаи ин гурӯҳҳо иҷозат намедод, то мухолифин дар толор ва долонҳои ин нишаст гӯё онро “хонаи бе дару оина” унвон карда ҳарчӣ хостанд, анҷом диҳанд. Ба андешаи ман, маҳз ҳамин гуна муносибати САҲА-ро имрӯз аксари кишварҳои минтақа ба дурустӣ маърифат намудаанд, ки аллакай идомаи фаъолияти онро дар кишварҳои хеш қатъ кардаанд.

Вақте САҲА мавқеи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, гурӯҳи калони мамлакатҳои узви хешро дар мавриди эътирофи ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба эътибор нагирифта, баръакс, аз онҳо пуштибонӣ мекунад, вақте он расидааст, ки гузашта аз дипломатияву маданияти сиёсӣ ба воқеаҳо баҳо дода фаъолияти САҲА-ро дар Тоҷикистон низ хотима дода шавад.

Тоҳир ТОШМАТОВ,
сокини шаҳри Гулистон