zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил карда мешавад.

Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ забон ва адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, ки басо муқтадиру тавоно ва ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳикмату истеъдоди ворисони сазовори устод боз ҳам муҳташаму тавоно гардад. Ашъори пандомез, ҳикматомӯз ва дорои таҷрибаи ғании ҳаёти устод Рӯдакӣ ва каломи ӯ имрӯз назар ба ҳар вақти дигар дар хидмати сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамраъӣ, пешрафт ва тараққиёт, тақвияти илму донишу маърифат қарор дорад.

Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Бо шарофат ва ба воситаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ асри нӯҳ – асри тиллоии адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди Сомонӣ устод Рӯдакӣ машҳури олам гардид. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ ҷаҳониёнро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, донишандӯзӣ, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат менамояд.

Бале, имрӯз мо – ворисон бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.

Аз ин рӯ, агар мо воқеан худро ворису меросхӯрони мардони бузурги миллат, аз қабили устод Рӯдакӣ ва дигар абармардони халқамон шуморем, андеша, амал ва зиндагии худро бояд арзанда ва мувофиқи номи неки гузаштагонамон созгор намоем.

Бо самимият ҳамагонро бо Рӯзи устод Рӯдакӣ муборакбод намуда, тандурустиву рӯзгори босаодат ва барори кор орзумандам.