zoofirma.ru

Бунёди гулгаштБо ибтикори Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар маркази шаҳр хиёбони «Меҳри Модар» бунёд мегардад. Ҳудуди боғ 5 ҳазор метри мураббаъ буда дар он тибқи лоиҳа фаввораҳои ранга, шаршара, саҳна барои чорабинӣ ва нуқтаҳои фурӯши яхмосу нӯшобаҳои ташнашикан сохта мешаванд.

Сохтмони гулгашти фароғатиро ҶДММ «Ариана-Л» ва «МБИС (Мо барои иншоот сохтан)» ба зимма доранд.