zoofirma.ru

Намаки йоднок – кафолати сиҳатӣНорасоии йод дар намак боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар натиҷаи норасоии йод пайдоиши бемориҳои паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кӯдаки мурда, камақлӣ ва амсоли инҳо аз эҳтимол дур нест.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, таҳти №264 «Дар бораи йодноккунии намак» ба солимии ҷомеа, тарғиби истифодаи намаки йоднок ва назорати давлатии пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йодро фарогир мебошад. Йод барои фаъолияти муътадили ҳар як шахс, махсусан барои инкишофи ҷисмонию фикрии кӯдак ва пешрафти ӯ дар таҳсил муҳим аст.

Семинаре, ки рӯзи 20 июли  соли равон дар маркази шаҳр доир гардид ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд. Директори ташкилоти ҷамъиятии «Нури саломатӣ» Мунаввара Бӯтаева ва мутахассис –эпидемиолог Мӯъмин Бобоҷонов доир ба муайян намудани йод дар намаки ошӣ ва оқибатҳои зараровари намакҳои йодкарданашуда ба ҳозирин дастурҳои муфид доданд.