zoofirma.ru

Муборакбодии  Раиси шаҳри Қайроққум  Матлубахон Амонзода ба  муносибати Иди саиди ФитрҲамдиёрони азизу гиромӣ!

17 июли соли равон кулли мусулмонони олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Фитрро баъди ба ҷо овардани фаризаҳои рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо фараҳмандӣ ва тантанаву шукӯҳ ҷашн мегиранд.

Фармудаҳои шариат дар мавриди моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълимоти ислом аз рузи ба вуҷуд омаданаш саршори ғояҳои хайру эҳсон ва накӯкорӣ мебошад. Ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, кӯмаку ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон дар ин моҳи шариф барҷаста ба назар мерасанд.

Чуноне Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба моҳи шарифи Рамазон ёдовар шудаанд:

«Дарси ибратбахши фалсафаи моҳи нузули Қуръони Карим он аст, ки тамоми мусалмонон бояд қаноатпешаю парҳезгорӣ, устуворию таҳаммул ва омурзиши гуноҳҳоро биомӯзанд, то дар раванди зиндагӣ дар баробари мушкилоти маънавию иқтисодӣ бо сабру истодагарии хеш ба саодат расанд».

Дар моҳи Рамазон ҳар касе, ки бештар некӣ кунаду бахшишу эҳсонро роҳандозӣ кунад ва  дасти ятиму бепарасторон гирад  азизи Худо гардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бори дигар шумоёни арҷмандро бо самимияти бепоён бо Иди саиди Фитр табрику муборакбод менамоям. Ба ҳар яки шумоён саломатии бардавом, файзу баракати рӯзгор, хотири ҷамъу барори корхо ва пирӯзиҳо таманно дорам.