zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон мулоқоти фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарвари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Саидбек Мирзомудинов, роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи ҲХДТ дар Федератсияи Россия Шоназар Қурбонов баргузор гардид.

Мулоқотро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас сарвари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Саидбек Мирзомудинов доир ба дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими комёбиҳои беназири истиқлолият, таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа, инчунин хусусиятҳои хоссаи муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, ширкати соҳибкорони баору номуси тоҷик, ки берун аз қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият доранд дар тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хусусиятҳои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, омӯзиши забони русӣ, раванди таҳсил ва зиндагии донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии ФР ва фаъолияти пурсамари намояндагии ҲХДТ дар Россия маърӯзаи муфассал карда, бо иштирокчиёни мулоқот суҳбати ошкоро намуд.

 

Дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода иштирок ва баромад кард.

Дар интиҳо дар вазъи тантанавӣ ба панҷ нафар аъзои ҷавони ҲХДТ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.