zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Тавассути сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо ба дастовардҳои калони меҳнатӣ ноил гашта, рӯҳияи созандагӣ ва бунёдкории мардум ҳамарӯза вусъат гирифта, боварии мардум ба фардои неку дурахшон қавӣ ва устувор мебошад. Алҳол дар ҳудуди шаҳри мо корҳои бунёдкоронаву созандагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд.

Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд.

Ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ташкил медиҳанд.

Имрӯз сокинони кишварамон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободгарона ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд.

Вобаста ба ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои рушди ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем. Дар ин раванд мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими Истиқлолияту давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, омӯхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад.

Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини шаҳрамон ва дар навбати аввал ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омӯзиши илму маърифат ва аз худ кардани касбу ҳунар рӯ оварда, дар ободии имрӯзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ва таҳкими мақому обрӯи он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.

Фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустӣ ва саодати рӯзгор мехоҳам.

Иди саиди Қурбон муборак дӯстони азиз!